Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Маскав нахуствазирони кишварҳои узви иттиҳод бо иштироки нахуствазири Арманистон таъсиси Фонди зиддибӯҳрониро маъқул шумориданд.

            Тибқи иттилори расонаҳои хабарии Русия, муовини нахуствазири Русия, вазири молияи ин кишвар Алексей Кудрин роҳбари фонд таъин гардидааст.

            Ба гуфтаи А.Кудрин, фонд соли ҷорӣ ба кор шурӯъ карда, фаъолияти он баҳри таъмини маблағҳои қарзӣ ба кишварҳои узви иттиҳод ва сармоягузории лоиҳаҳои байнидавлатӣ равона хоҳад гардид. Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми сармояи оинномавии фонд ба 10 млрд. $ баробар аст.

            Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Маскав нахуствазирони кишварҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон оид ба аз 1-уми январи соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намудани Иттиҳоди гумрукӣ қарор қабул карданд. Моҳи июли соли 2011 пайдо шудани марзи ягонаи гумрукии се кишвар дар назар аст.