Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Сарвари марзбонони Тоҷикистон генерал Шералй Мирзо, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Трейси Энн Ҷейкобсон ва сафири Туркия ҷаноби Мир Ақиф Ойхон дар маросими оғози маъракаи тармиму таҷдиди Академияи марзбонон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд. Ин яке аз силсилаи лоиҳаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки дар доираи он ба марзбонони Тоҷикистон дар тармиму таҷдиди муассисаҳои таълимӣ барои афсарони марзбон кӯмак расонида мешавад ва амнияти Тоҷикистон тақвият дода мешавад.
Дар рафти лоиҳа утоқҳои дарсию хобгоҳи афсарони дар Академия таҳсилкунанда таъмир карда мешаванд. Буҷети умумии лоиҳа 2,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ба вайрон кардани иморатҳои мавҷудаи кӯҳна, сохтмони ошхонаи нав, варзишгоҳ, шабакаи гармкунй, ҳоҷатхонаҳо, гаражҳо, дидбонгоҳи нави тафтиши шиносномаҳо ва таъмири пурраи хобгоҳи мавҷудаи афсарони дар академияи таҳсилкунанда масраф мешавад. Дар доираи лоиҳа мебел ва таҷҳизоти таълимии асосй низ таъмин карда мешавад. Сохтмон то феврали 2010 анҷом хоҳад ёфт. Пудратчии корҳои сохтмонй ширкати туркии Боздемир Иншаат ва Меҳендислик Лимитед мебошад, ки тавассути тендери байналхалқи интихоб шудааст.
Сафораи ИМА бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз соли 1992 дар иҷроиши лоиҳаҳои кӯмакрасон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоби умумии зиёда аз 37,5 миллион доллар ҳамкорй мекунад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омода аст дастгирии худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон давом диҳад. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста