Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Комиссияи Аврупо барои ислоҳоти идоракунии давлатии молиявӣ ба Тоҷикистон 2 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, бурси мазкур баҳри маблағгузорӣ ба Лоиҳаи таҷдиди идоракунии давлатӣ дар бахши молия ихтисос дода шуда, ба беҳбуди самаранокӣ ва шаффофият дар ин соҳа нигаронида шудааст. «Стратегияи тозаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба таҳкими робитаҳо миёни ИА ва шариконаш дар минтақа равона гардидааст», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи татбиқи стратегияи мусоидати Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон тӯли солҳои 2007-2010 ба сифати дастгирии барномаҳои соҳавӣ, мусоидати техникӣ ва бурсҳо 66 млн. Евро маблағ ҷудо карда мешавад. «Шурӯъ аз соли 1992 Комиссияи Аврупо баҳри дастгирӣ ва мусоидат ба Тоҷикистон зиёда аз 500 млн. Евро маблағ ҷудо кард», - афзуд манбаъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста