Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Миқдори аввалини кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон ворид гардид.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Русия дар ҶТ иттилоъ доданд, миқдори боқимондаи кӯмак шаби 10-ум ба 11-уми июн вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. «Вазни умумии кӯмак 66,5 тоннаро ташкил дода, он аз 10 тонна консерваҳои гӯштӣ, 70 адад хаймаҳои тобистонаи «Помир-30», 4 адад истгоҳҳои барқии сайёр, ҳудуди 2,5 ҳазор метри мураббаъ шиша ва 2,5 ҳазор кампал иборат аст», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими супурдани кӯмак намояндагони мақомоти дахлдори ҳукумати ҶТ ва сафорати Русия дар Тоҷикистон иштирок карданд.