Хуҷанд. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи моҳи июли соли ҷорӣ нахустин давраи шиносоӣ бо минтақаи нави сайру саёҳати Яғноб-Мастчоҳ баргузор мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷери лоиҳаи «Сайёҳӣ дар асоси хонаводаҳо дар водии Зарафшон» Пайрав Масаидов иттилоъ дод, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони хориҷӣ меҳмонони аввалини минтақаи нави сайру саёҳати Яғноб-Мастчоҳ мешаванд. «Лоиҳа ба маблағи умумии 278 ҳазору 800 Евро ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакентро фаро гирифта, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сарчашмаҳои даромади сокинони маҳаллӣ ва барқарор сохтани бахши сайёҳӣ дар водии Зарафшон амалӣ мегардад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи П.Масаидов, то охири соли 2008 дар мавзеҳои Искандаркӯл, Ҳафткӯл, кӯлҳои Алоуддин, Яғноб, Вешаб ва Лангар барои сайёҳон 16 хонаи қабули меҳмонон бунёд шуд. «Ба ҷуз бунёди зерсохтор, зимни татбиқи лоиҳа ҳамчунин асбобу лавозимоти кӯҳгардӣ низ харидорӣ шуда, бо роҳнамоён ва тарҷумонҳо як қатор тренингҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд», - афзуд ӯ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста