Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - То имрӯз ба Тоҷикистон беш аз 44 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид карда шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, аз ин миқдор 36,5 тоннаашро нуриҳои азотӣ, ҳудуди 5 тоннаро нуриҳои фосфорӣ ва зиёда аз 2 тоннаашро нуриҳои калий ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи имсолаи киштукор ва ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 13,5 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 598 тонна бензин ворид карда шудааст.