Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маъракаи интихоботи президенти ин кишвар доир мегардад.

            Маҳмуди Аҳмадинажод-президенти кунунии Эрон бо Мирҳуссейни Мусав ӣ -нахуствазири собиқ ва ду номзади дигар Меҳд ӣ Карруб ӣ ва Мӯҳсин Ризо ӣ мубориза мекунад.

            Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ Муҳибулло Додоҷонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар маъракаи интихоботи президенти Эрон нозирон аз Тоҷикистон ширкат намеварзанд, зеро тибқи Сарқонуни ин кишвар, иштироки нозирони хориҷӣ дар интихоботи президенти Эрон манъ аст.