Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон бо иштироки мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев иттилоъ дод, дар намоишномаи театрикунонидашуда ва дигар чорабиниҳо 5 ҳазор нафар сокинони вилоят ширкат меварзанд, ки имрӯзҳо ба ҷашн омодагӣ мегиранд.

Ба гуфтаи муовини аввали вазир, барои баргузории барномаи бузурги консертӣ аз марказ ба Хуҷанд танҳо ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ фиристода мешаванд. «Таҷҳизоти зарурии техникӣ барои баргузории консертро раёсати фарҳанги вилоят дар ихтиёр дорад», - гуфт ӯ.

Номбурда ёдовар шуд, бо супориши сарвари давлат соли оянда чорабиниҳои ҷашнии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баргузор мешаванд.