Душанбе. 11-уми июн - Донишом ӯ зони то ҷ ик дирӯз бо эътироз аз вазъи муҳо ҷ ирони то ҷ ик дар Русия дар баробари сафорати Русия дар Британия тазоҳурот барпо карданд.

Дар шиору хитоба ва суханрониҳои худ ширкаткунандагони гирдиҳамо ӣ аз мақомоти Русия талаб карданд, ҳар як ҳодисаи ҳамла ба муҳо ҷ ирон аз То ҷ икистон ва кишварҳои дигар расидагии комил сурат бигирад ва ҷ иноятҳое, ки бар пояи инсонбадбиниву нажодпараст ӣ ба амал меояд ба шадидтарин шева му ҷ озот шаванд.

Шумораи умумии гирдиҳамомадагон наздик ба 30 нафар буд ва бо сабаби коршикан ӣ дар бархе аз хатҳои метрои Лондон бахше аз ширкаткунандагон натавонистанд, худро ба ҷ ойи тазоҳурот бирасонанд.

Аммо созмондиҳандагони тазоҳурот мег ӯ янд, шумораи онҳо муҳим нест, балки паёмашон ба мақомоти Русия муҳим аст ва ҳам ин ки чунин тазоҳурот бори аввал баргузор мешавад. Вай афзуд, агар мақомоти Русия ба талаби эътирозгарон расидаг ӣ накунанд, чунин намоишҳо дар ҳа ҷ ми бузургтар ва бо талабҳои қавитар боз баргузор хоҳанд гашт. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.