Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - 11 июни соли 2009 Вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон Ҳамрохон Зариф ӣ ҳайъати Ассамблеяи Парлумонии САҲА-ро таҳти сарварии Жоао Соареш ба ҳузур пазируфт.

Роҳбари ҳайъати АП САҲА Ж.Соареш изҳор дошт, ки ҳадаф аз сафар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷ умҳурии То ҷ икистон бо САҲА мебошад.

Вазири корҳои хори ҷ ӣ аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо бо изҳори қаноатманди қайд намуда, изҳор дошт, ки моҳи феврали соли ҷ ор ӣ 15-умин солгарди ҳузури намояндагии САҲА дар То ҷ икистон ҷ ашн гирифта шуд. Моҳи май бошад дар Душанбе Коле ҷ и САҲА барои ҳайъати роҳбарикунандаи сарҳадбонон ифтитоҳ гардид, ки ҳадаф аз он мубодилаи маълумот ва та ҷ риба дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводди нашъаовар ва аслиҳа, инчунин хариду фур ӯ ши инсон мебошад.

Ж.Соареш дар рафти с ӯ ҳбат қайд намуд, ки САҲА ягона ниҳоди байналхалқиест, ки бо бу ҷ аи хурд корҳои назаррасро ан ҷ ом медиҳад. ӯ изҳори умедвор ӣ намуд, ки ҳайъати парлумонии САҲА дар интихоботи парлумонии То ҷ икистон моҳи феврали соли 2010 иштирок хоҳад намуд.

Ҷ онибҳо масъалаҳои марбут ба вазъи минтақа, Афғонистон ва мавриди назари тарафайнро муҳокима намуданд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.