Хуҷанд. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Моҳи майи соли ҷорӣ дар нерӯгоҳи Қайроққум 51,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин моҳи соли гузашта 20,6 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати шаҳри Қайроққум иттилоъ доданд, дар зарфи панҷ моҳи ҳамин сол дар нерӯгоҳ 236,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.

            Бино ба иттилои манбаъ, айни замон аз шаш агрегати нерӯгоҳ 4-тоаш фаъолият дошта, як агрегат таъмир мешавад ва як агрегати дигар баҳри эҳтиёт нигаҳдорӣ мегардад. «Мизони ҷоришавии об ба обанбор феълан ба 413 метри мукааб дар як сония баробар буда, хароҷоти он 450 метри мукааб дар як сония мебошад ва маҳз ҳамин 450 метри мукааб ҳам барои истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам барои таъмини заминҳои кишти чигит ва шолии кишварҳои ҳамсоя истифода бурда мешавад», - гуфт манбаъ.

            Зикр гардид, ки сатҳи доимии об дар обанбор 347,5 метри мукаабро ташкил дода, феълан он дар сатҳи 347,74 метри мукааб нигоҳ дошта мешавад.