Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз дар маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ мизи мудаввар доир ба мавзӯи «Мушкилоти обу энегетикаи Осиёи Марказӣ: оё имкони созиш мавҷуд аст»» ба кор шурӯъ кард.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони сохторҳои ҳукуматии кишварҳои минтақа, намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии машғул ба ин масъала, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон иштирок мекунанд.
Мизи мудаввар аз ҷониби пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ (
IWPR
) дар ҶТ созмон дода шуда, рӯзномаи мизи мудаввар аз баррасии масоили мушкилоти мавҷудаи обу энергетикаи минтақа, ки ахиран боиси баҳсҳои зиёд шудаанд, иборат аст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири
IWPR
Саодат Асанова иттилоъ дод, коршиноонро мебояд роҳҳои ҳалли мусолиматомези мушкилотро пайдо сохта, ба саҳми ВАО дар ҳалли ин масъала баҳогузорӣ намоянд. «Ахиран роҷеъ ба масъалаи мазкур дар ВАО ҷанги воқеии иттилоотӣ сурат гирифта, зарурати арзёбии воқеии инъикоси ин масъала дар ВАО пеш омад», - гуфт ӯ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста