Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ профессор Акмалиддин Иҳсоноғлу аз ҷаҳони ислом ва Бонки исломии рушд даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон баҳри рафъи буҳрони гуманитарӣ дасти кӯмак дароз намоянд, зеро ба ин ҷумҳурӣ баҳори соли ҷорӣ бар асари боронҳои шадиди пайдарпай хисороти зиёд ворид гардид.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 23-25-уми май дар шаҳри Димишқ (Сурия) дар ҷараёни баргузории иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ, ки дар кори он вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок кард, бори нахуст даъвати кӯмак ба Тоҷикистон садо дод ва иштирокдорони иҷлосия дар ин хусус қатънома қабул карданд.
Тибқи қатъномаи мазкур, СКИ аз кишварҳои узви конфронс, Бонки исломии рушд ва Бунёди ҳамрайъии исломӣ дархост кард, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои табиии чанде пеш рухдода кӯмаки башардӯстонаи таъҷилии моддӣ ва молиявӣ расонанд.
Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СКИ он замон ба Дабири кулли созмон муроҷиат карда, дархост намуд, ки раванди расонидани кӯмак, аз ҷумла кӯмаки молиявиро ба Тоҷикистон бо ҳукумати ин ҷумҳурӣ ҳамоҳанг созад.
Айни замон 57 кишвари дунё узви Созмони Конфронси исломӣ буда, шумори аҳолии кишварҳои узви созмон 1,2 млрд. нафарро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 ба узвияти СКИ пазируфта шуд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста