Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Миёни ҳукумати ҶТ ва Шӯрои Федеролии Швейтсария Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Зери санади мазкур вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Фавқулъода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Неллен имзо гузоштанд.
Стефан Неллен изҳор дошт, ки созишноми баимзорасида гувоҳи он аст, ки ҷонибҳо хостори идомаи ҳамкориҳо ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, бахусус дар бахши сармоягузорӣ мебошанд. «Созишнома баҳри фаъолияти пурсамари соҳибкорони ҳарду кишвар шароити мусоид фароҳам месозад», - гуфт ӯ.
Намояндаи Швейтсария ҳамчунин гуфт, дар чаҳорчӯбаи созишнома намояндагони бахши соҳибкории хурду миёна аз имконоти фаровон бархӯрдор хоҳанд буд, зеро дар иқтисоди Швейтсария саҳми онҳо хеле бузург аст ва пас аз имзои созишнома онҳо баҳри сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бештар ҳавасманд хоҳанд гардид. «Ман умедворам, ки ояндаи наздик парлумонҳои кишварҳо созишномаро тасдиқ намуда, он мавриди амал қарор хоҳад гирифт», - афзуд Стефан Неллен .



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста