Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Раиси Идораи Аврупо, Осиёи Марказӣ ва созмонҳои минтақавии аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Кристиан Мёйлиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Швейтсария, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчўби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷўҳи муштарак муҳокима карданд.

Сафир К.Мёйли ба Тоҷикистон ба мақсади гузаронидани машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои хориҷии ду кишвар қарор дорад.

Дар мулоқот инчунин Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Неллен ҳузур дошт.