Душанбе. 13-уми июн - Баъд аз таваққуфи беш аз шонздаҳсола миёни Душанбе ва шаҳри Сочии Русия парвози ҳавопаймо азсар гирифта шудааст.

Баъд аз зуҳри р ӯ зи пан ҷ шанбе, 11 июн, ҳавопаймои "То ҷ икЭйр" ба шаҳри Сочи нахустин парвози худро ан ҷ ом дод. Чанд тан аз хабарнигорон ва ҳудуди с ӣ тан аз мусофирони дигар, сарнишинони нахустин парвоз дар ин масир буданд.

Дар гузашта, дар солҳои замони шурав ӣ , пайдо кардани билит дар масири Душанбе-Сочи дар фасли тобистон амри мушкиле маҳсуб мешуд. Зеро, ҳазорон нафар аз сокинони То ҷ икистон барои тафреҳ озими осоишгоҳҳои ин минтақаи наздидарёии Русия мешуданд.

Валерий Шарипов, муъовини аввали раиси ширкати "То ҷ икЭйр" дар маросими расмии оғози му ҷ аддади парвозҳо дар масири Душанбе-Сочи, зимни эҳдои кодуҳо ба мусофирони нахустини ин парвоз гуфт, ки ҳоло вазъи иқтисодии мардуми То ҷ икистон беҳбуд ёфтааст ва ҳамакнун алоқамандони сафар ба ин минтақаи турист ӣ , дар соҳили баҳри Сиёҳ низ бештар ҳастанд.

Зимнан, гузориш шудааст, ки ширкатҳои рус ӣ аз манотиқи мухталифи То ҷ икистон эъзоми гур ӯ ҳҳои коргарони то ҷ икро ба Сочи роҳандоз ӣ мекунанд.

Ҳарчанд, Валерий Шарипов, муъовини аввали раиси ширкати "То ҷ икЭйр" изҳор дошт, ки интиқоли муҳо ҷ ирони кории то ҷ ик дар масири Душанбе-Сочи аз аҳдофи аслии азсаргири парвозҳо дар ин масир нест, вале ба назар мерасад, ки бештарин мусофирон дар ин масирро низ муҳо ҷ ирони кор ӣ ташкил хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, "То ҷ икЭйр" тасмим гирифтааст, парвози ҳавопаймоҳои худ дар масири Душанбе шаҳри Иркутски Русияро низ оғоз кунад. Дар ин бора бахши форси хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад.