Душанбе. 13-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки ҷаҳонӣ баҳри дастгирии буҷаи давлатии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 20,5 млн. $ бурси саввум ҷудо кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ иттилоъ доданд, бурс дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳукумати ҶТ ва БҶ барои таҳияи сиёсати чорабиниҳо бо мақсади рушд ҷудо гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, маблағи ҷудогардида ба пардохти саривақтии қарзҳои хориҷӣ ва роҳандозии ислоҳот дар бахши иҷтимоӣ равона хоҳад гардид.
Ёдрас мекунем, ки Созишнома миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағгузории Барномаи саввуми бурсӣ барои таҳияи сиёсати чорабиниҳо моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста