Душанбе. 133-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар дар чаҳорчӯбаи амалисозии Лоиҳаи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таҳти унвони «АНМН – Марҳилаи
II
» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байнулмилалӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои расида аз АНМН, дар кори ҷаласа мақомоти раҳбарии агентӣ, ҳамоҳангсозони лоиҳаву барномаҳои намояндагии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, кормандони масъули сафорати ИМА дар Тоҷикистон ширкат варзида, масоили ҷараёни иҷрои чорабиниҳои марбут ба шартҳои пардохти бурсҳои АНМН дар нимсолаи аввали соли 2009 баррасӣ шуданд ва нақшаи маблағгузорӣ ба лоиҳа дар нимсолаи дуввум таҳия гардид.
Мувофиқи маълумоти агентӣ, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа маблағгузории таъсиси воҳидҳои АНМН дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоби ВМКБ, ташкили озмоишгоҳи ташхиси судӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, оғози корҳои таъсиси Маркази миллии хадамоти кинологӣ, маблағгузории фаъолияти намояндагии АНМН дар вилояти Тахори Афғонистон, ҳалли масъалаи бозомӯзии кормандони агентӣ ва мусоидат ба таъмини агентӣ бо таҷҳизотӣ техникӣ ба нақша гирифта шуд.
Зикр гардид, ки Гурӯҳи кории байнулмилалӣ афзоиши маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолияти АНМН-ро мусбат арзёбӣ намуд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста