Душанбе. 13-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз миёни Тоҷикистону Швейтсария тарҳи Конвенсия «Дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя» ба имзо расид. Зери ин санад муовини вазири молияи ҶТ Ҷамшед Норинов ва сафири Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Неллен имзо гузоштанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҶТ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки имзои тарҳи лоиҳаи мазкур ба рушди муносиботи ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ба Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки 11 июни соли 2009 дар Душанбе маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон ва Шўрои Федералии Швейтсария оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузор
ӣ
баргузор гардид. Созишномаи мазкурро Вазири корҳои хори
ҷ
ии
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон Ҳамрохон Зариф
ӣ
ва Сафири Фавқулъода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон Стефан Неллен имзо намуданд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ,
дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Швейтсария 16 млн. 823 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста