Душанбе. 13-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири иҷроияи Хазинаи байнулмилалии асъор Доминик Стросс-Кан нахустин сафари худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ шурӯъ намуда, рӯзҳои 15-18-уми июн аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон боздид мекунад.
Дар иттилоияи ХБА гуфта мешавад, зимни сафар мудири иҷроияи ХБА бо намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои минтақа, вакилони парлумон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои академӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард. « Дар ҷараёни дидору гуфтушунид ба тарзҳои муассири расонидани кӯмак ба кишварҳои минтақа бинобар бӯҳрони молӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ХБА таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд», - омадааст дар иттилоия.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрели соли ҷорӣ Шӯрои мудирони ХБА барномаи нави сесолаи қарзӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 116 млн. доллари ИМА-ро тасдиқ кард.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста