Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе махфигоҳи аслиҳаро ошкор сохтанд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, зимни азназаргузаронии қаламрави сохтмони бинои манзили зист дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор карда шуд. «Аз пинҳонгоҳ як пулемёти Калашников бо 3 тирдон ва ҳамчунин 19 тирдони автомати Калашников ва 1 ҳазору 133 дона тирҳои гуногун пайдо шуд», - гуфт манбаъ.

            Шурӯъ аз соли 1994 танҳо аз ҷониби мақомоти умури дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 31 ҳазор адад силоҳ мусодира карда шудааст.