Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз намояндагони кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки барномаи нобуд сохтани силоҳи оташфишони сабук ва муҳимоти оддиро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карданд, ба Душанбе омаданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари САҲА иттилоъ доданд, то 21-уми июн онҳо аз шаҳрҳои Хоруғ Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа боздид намуда, бо ҷараёни иҷрои ин лоиҳа аз наздик шинос мешаванд. «Ҳамчунин онҳо бо фаъолияти АНМН, ВКД ҶТ низ ошно гардида, ба пойгоҳи низомии ҳавоии «Айнӣ» сафар хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, ин сафари охирини намояндагони кишварҳои мададрасон буда, ҳамин тариқ барномаи нобуд сохтани силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти оддӣ ба анҷом мерасад.

Амалисозии барномаи мазкур дар Тоҷикистон аз соли 2005 шурӯъ шуд. Тӯли ин муддат дар қаламрави ҷумҳурӣ 34 тонна силоҳ нобуд гардида, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияи Рашт 16 анбори нигаҳдории силоҳ бунёд гардид. Дар ВКД ҶТ – 50, дар додгоҳи низомӣ - 5, дар АНМН – 6 ва дар Додситонии кулли ҷумҳурӣ - 2 хонаи нигаҳдории силоҳ аз таъмир бароварда шуда, 16 хонаи нигаҳдории силоҳи мақомоти қудратии кишвар бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар чаҳорчӯбаи амалисозии барнома баҳри интиқоли силоҳ аз манотиқи кишвар ду автомшинаи КАМАЗ ва дигар воситаҳои нақлиёт дастрас гардид.  

Буҷаи барномаи САҲА оид ба нобуд сохтани силоҳи мусодирашуда дар ҶТ (солҳои 2005-2009) беш аз 2 млн. Евроро ташкил дод.