Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - «Хун бо номи ҳаёт» таҳти ин шиор р ӯ зи 13 июни соли 2009 бо ташаббуси Вазорати тандуруст ӣ ва дастгирии барномаи мубориза бо ВИЧ/СПИД, сил ва вара ҷ а (ПРООН) бори аввал телемарафон гузаронида шуд. Ин чорабин ӣ бахшида ба Р ӯ зи умуми ҷ аҳонии донори хун баргузор мегардад. Р ӯ зи умуми ҷ аҳонии донори хун ҳамчун иди ҳамасола аз тарафи вазирони тандурустии ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Умуми ҷ аҳонии Тандуруст ӣ дар Ассамблеяи Умуми ҷ аҳон ӣ соли 2005 қабул гардидааст ва ҳар сол сафи давлатҳои аъзо ва миқдори чорабиниҳои дар ин давлатҳо гузаронидашаванда зиёд мегарданд. Ин ҷ ашн ба 14 июн - зодр ӯ зи олими бактериологи венаг ӣ , барандаи ҷ оизаи Нобел - К.Ландштейнер, ки бори аввал ҷ удошавии хунро ба гур ӯ ҳҳо кашф кардааст, рост меояд. 

             Баргузории Р ӯ зи умуми ҷ аҳонии донори хунро ҳамчунин Созмони Умуми ҷ аҳонии Тандуруст ӣ , Федератсияи созмонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Федератсияи умуми ҷ аҳонии созмонҳои донори хун ва Созмони умуми ҷ аҳон ӣ оиди хунгузарон ӣ ҳамоҳангсоз ӣ мекунанд.

             Хундиҳии мунтазам барои пешгирии бемориҳои системаи дилу раг фоиданок буда ба худэҳёшавии тамоми организм мувофиқат менамояд. Олимон аз шаҳри Куопиои Финландия 5 ҳазор мардонро муоина намуда, маълум карданд, ки шахсони мунтазам хунсупоранда ба сактаи қалб даҳҳо маротиба камтар гирифтор мешаванд. 

       Хундиҳ ӣ бевосита ба беҳшавии ҳолати ҳиссиётии одам таъсир мерасонад. Дар вазъиятҳои ҷ идд ӣ ба монанди ҳодисаҳои нохуш донор имконияти зиёдтари зинда монданро дорад, зеро организми ӯ ба талафи хун мутобиқ гардидааст. 

      Маркази ҷ умҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустии Ҷ умҳурии То ҷ икистон ҳамаи хоҳишмандонро барои ширкат варзидан ба ин телемарафон таҳти нишонии к ӯ чаи Мирзо Турсунзода, 1 гузаргоҳи 16 даъват менамояд. Чузъҳои хуни дар ин руз супоридашаванда барои к ӯ мак расонидан ба беморони гемофилия дар Ҷ умҳурии То ҷ икистон фиристода мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд.