Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки сол ба сол таҳкиму густариш меёбад, баррасӣ шуд.
Аз афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 аз 1 миллиарду 250 миллион доллари амрикоӣ гузашт ва дар семоҳаи якуми соли равон болоравии он беш аз 80% - ро ташкил дод, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ху Тсзинтао иттилоъ дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии чораҳои зиддибӯҳронии
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани 60 млн. юан кӯмаки бебозгашт қарор қабул намуд.
Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки тамоми санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳу пулҳо, туннели Шаҳристон ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Лолазор-Хатлон ва
Ҷануб-Шимол дар Тоҷикистон бо суръат ва сифати баланд амалӣ мегарданд.
Сарони ду давлат омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш, аз ҷумла оид ба сохтмону азнавсозии роҳи мошингарди Кулма-Хорӯғ-Кӯлоб-Данғара-Душанбе ва минтақаи озоди тиҷоратию нақлиётӣ дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон таъкид намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи санадҳои
миёни Тоҷикистон ва ноҳияи Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баимзорасида оид ба сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод – 1 дар болои дарёи Хингоб, Маркази нави барқу гармидиҳии бо ангишт коркунанда дар шаҳри Душанбе ва корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна дар ояндаи наздик оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба кор дароварда мешаванд.
Бо назардошти нақшаҳои калони ҳамкории иқтисодӣ бунёди Хазинаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Чин зарур шумурда шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки татбиқи нақшаю барномаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Чин ба нафъи кулли минтақа ва рушди ҳамкориҳои судманди минтақавӣ буда, ба таҳкими амнияту субот, аз ҷумла дар Афғонистони азиятдида низ мусоидат хоҳад намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили ҳарбӣ-
сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ки аз самтҳои асосии ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай аст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста