Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия- Дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат варзид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Тибқи иттилои интишоргардида, дар нишаст сарони кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Созишнома дар бораи таъсиси нерӯҳои муштараки зудамали созмонро ба имзо расониданд.
Белорус ва Ӯзбекистон аз имзои созишномаи мазкур худдорӣ намуданд. Тибқи иттилои хабаргузориҳои Русия, иллати зери созишнома имзо нагузоштани ҳайати Белорус манъи маҳсулоти ширии ин кишвар ба Русия арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи президенти Русия Дмитрий Медведев, Ӯзбекистон як қатор муқаррароти созишномаро зери шубҳа гузошта, аз имзои созишнома даст кашидааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Мувофиқи ахбори оҷонсиҳои иттилооти Русия, шоми дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай озими шаҳри Екатеринбург шуд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста