Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи сафари худ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ роҳбари ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Жоао Соареш бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот орост.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода иттилоъ дод, дар мулоқот масоили рушди равандҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва бахусус мушкилоти омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Жоао Соареш изҳор доштааст, ки ӯ ҷонибдори рақобати солим дар интихобот аст.
Дар мулоқот намояндагони аҳзоби сиёсӣ зикр кардаанд, ки аз ҷониби парлумон дар кишвар то ҳанӯз лоиҳаи пешниҳоднамудаи қонун дар бораи интихобот, ки аз ҷумла бекор кардани гаравпулии интихоботро дар назар дорад, қабул нашудааст. Дар суханронии худ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ интихоботи қарибулвуқӯъи парлумониро рӯйдоди муҳими сиёсӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки «он ҳам барои ҳукумат ва ҳам аҳзоби сиёсӣ имтиҳони ҷиддии навбатист».



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста