Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони умури хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои русиягии худ Сергей Лавров мулоқот кард.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, масоили татбиқи қарордодҳои дуҷонибае, ки зимни сафари кории президенти Тоҷикистон ба Русия моҳи феврали соли ҷорӣ ба тасвиб расида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. «Ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи сафари кории қарибулвуқӯъи президенти Русия ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи Д.Назриев, ҷонибҳо ҳамзамон атрофи масоили минтақавӣ ва байнулмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, ҳамкориҳои мутақобила дар доираи СААД ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ табодули афкор намуданд.