Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар қисмати ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ бо сабабҳои номаълум се хизматчии низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итттилоъ доданд, ҷисмҳои беҷони ду нафар хизматчии ҳарбӣ - зодаи ноҳияи Ашт Зоҳир Мирзоаҳмедови 19-сола ва зодаи ноҳияи Рашт Ҷамолиддин Сайдамирови 20-сола, ки дар қисми низомии № 01140 –и вазорат воқеъ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт адои хизмат менамуданд, рӯзи 14-уми июн ёфт шудаанд.

Афсари Вазорати мудофиаи ҶТ Абрибод Алишаев зимни иҷрои вазифаи хидматӣ дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҳалок шудааст. Фавтида ба ҳайси сардори хадамоти таъминот бо ғизои қисми низомии № 123441Л ифои вазифа менамуд.

Аз рӯи ин далелҳо додситонии гарнизони ҳарбии Рашт корҳои тафтишотӣ мегузаронад.

Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ далели фавти се нафарро тасдиқ намуда, аз ифшои дигар ҷузъиёт худдорӣ намуданд.