Душанбе. 16-уми июн - Дар шаҳри Екатеринбурги Русия нишасти навбатии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба кори худ оғоз кард.

        Қарор аст дар нишасти навбатии раҳбарони шаш кишвари узви CҲШ фаъолияти Русияро ҳамчун раҳбари давраии ин созмон тайи солҳои 2008-2009, интихоби раҳбарии давраии ин созмон, қабули аъзои нав ба ҳайати он, дурнамои ҳамкориҳо оид ба ҷ илавгир ӣ аз пайомадҳои ногувори б ӯ ҳрони саросар ӣ ва масъалаи марбут ба Афғонистон ба баррас ӣ гирифта хоҳад шуд.
       Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Екатеринбург ду р
ӯ з, 15 ва 16 июн идома хоҳад кард.
        Бино ба гуфтаи коршиносони байналмилал
ӣ , воқеаи муҳимтарин дар нишаст, мулоқоти Ҳомиди Карзай бо президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев мебошад, ки аз ҳамтои қирғизаш хоҳиш карданист, ки бастани пойгоҳи Манасро ба таъхир гузорад.
        Ҳамчунин қарор аст, р
ӯ зи 16-уми июн Маҳмуди Аҳмадинажод ба Екатеринбург рафта, дар нишасти раҳбарони СОзмон ширкат варзад. Ин аввалин сафари Аҳмадинажод баъди пир ӯ зии ӯ дар интихоботи президентии Эрон хоҳад буд. Аммо тибқи охирин ахбор ба иллати авзоъ дар кишвараш Аҳмадинажод сафари худро ба таъхир гузоштааст.
        Дастоварди дигари нишасти Екатеринбург мулоқоти р
ӯ ба р ӯ и раҳбарони Ҳинду Покистон Манмоҳан Сингҳ ва президент Осифалии Зардор ӣ шуда метавонад. Ин аввалин дидору гуфтуг ӯ и онҳо баъди ҳамлаҳои хунини шаҳри Мумбай хоҳад буд.
        Ҷ ои ёдоварист, ки Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон ҳамаг ӣ дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мақоми нозир доранду халос.
        Ва аммо коршиносон пешбин
ӣ намекунанд, ки дар нишасти Екатеринбург шаш кишвари узви Созмон: Русия, Чин, Қазоқистон Қирғизистон, То ҷ икистон ва Узбакистон кадом мувофиқати бузургеро ба тасвиб расонанд.
        Ҳоло ихтилофи назари кишварҳои собиқ Ш
ӯ рав ӣ дар созмонҳои минтақав ӣ баръало намоён аст. Масалан, р ӯ зи якшанбе Беларус, ки замоне аз муттафиқони наздиктарини Маскав ба шумор мерафт, ба нишони эътироз аз фишорҳои иқтисодии Русия дар нишасти раҳбарони кишварҳои Созмони паймони амнияти даста ҷ амъии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав иштирок накард.
         Ва аммо мавзуи дигари нишасти Екатеринбург интихоби раҳбари давраии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошад, ки қарор аст аз Руссия ба Узбакистон гузарад. Баъзе шореҳони маҳаллии То
ҷ икистону Қирғизистон аз он нигаронанад, ки Узбакистон бо истифода аз мақомаш дар Созмон ба и ҷ рои лоиҳаҳои обу барқи ин ду кишвар халал мерасонад.
         Ба ин тартиб қарор аст дар интиҳои нишасти навбатии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, асноде марбут ба мубориза бо терроризм ва аксуламали сареъ алайҳи хатарот ба амнияти минтақа қабул карда шавад.