Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар доираи лоиҳаи минтақавии О
ҷ
онсии байналмиллал
ӣ
оид ба энергияи атом
ӣ
(МАГАТЭ) RER 9/093 “Strengthening Radiological Protection of Patients and Medical Exposure Control” аз 15 то 20 июни соли
ҷ
ор
ӣ
коршиноси МАГАТЭ
ҷ
аноби Гулиелмо Бернарди ба
ҷ
умҳурии мо ташриф меорад.
Гулиелмо Бернарди соли таваллудаш 1952, шаҳрванди Италия буда ихтисосаш кардиолог аст. Маълумоти олии тибб
ӣ
(1971-1977, Донишгоҳи шаҳри Триест, Италия) ва маълумоти баъдидиплом
ӣ
оиди кардиология (1980-1984, Донишгоҳи шаҳри Феррара, Италия) дорад. Муаллифи зиёда аз 60 рисолаҳои илм
ӣ
дар соҳаи кардиологияи интервентсион
ӣ
мебошад. Дар айни замон директори озмоишгоҳи клиникаи донишгоҳии шаҳри Удинеи Италия аст. Ғайр аз ихтисоси асосии кардиологи интервентсион
ӣ
,
ҷ
аноби Бернарди бо МАГАТЭ низ ҳамкории зич дошта, вазифаҳои гуногуни коршиносиро дар тамоми
ҷ
аҳон и
ҷ
ро менамояд.
Ҳадафи асосии ин ташриф расонидани к
ӯ
маки амал
ӣ
оиди беҳгардонии муҳофизати беморон ва кормандони тибб
ӣ
аз таъсири нурҳои ион
ӣ
мебошад. Мавзеи расонидани чунин к
ӯ
мак - ш
ӯ
ъбаи дар
ҷ
умҳур
ӣ
ягонаи
ҷ
арроҳии рентгеноэндоваскулярии (мудири ш
ӯ
ъба Баротов А.К.) Маркази
ҷ
умҳуриявии илмии
ҷ
арроҳии дилу раг ва қафаси сина (директор – профессор Гулмуродов Т.Г.) аст.
Дар
ҷ
араёни ташрифи
ҷ
аноби Бернарди муайяннамоии шароити радиатсион
ӣ
дар ш
ӯ
ъбаи мазкур ҳангоми амалиётҳои интервентсион
ӣ
, аз
ҷ
умла – стентикунии артерияҳои коронар
ӣ
ҳангоми бемориҳои ишемиявии дил ба нақша гирифта шудааст. Таҳияи ма
ҷ
м
ӯ
и чорабиниҳо оиди кам кардани миқдори нур ҳам барои беморон ва ҳам барои кормандони тиб низ дар назар аст. Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2009-2010 оиди беҳгардонии шароити радиатсион
ӣ
дар ш
ӯ
ъбаи
ҷ
арроҳии рентгеноэндоваскуляр
ӣ
таҳия мегардад.
Ҳамчунин
ҷ
аноби Бернарди барои мутахассисони соҳаи рентгенологияи то
ҷ
ик якчанд маър
ӯ
заҳо хоҳад хонд. Масъалаҳои мубрами бехатарии радиатсион
ӣ
ба монанди: таъсири нурҳои ион
ӣ
ба организми инсон, нургирии кормандони тибб
ӣ
ва воситаҳои муҳофизат
ӣ
, муқаррароти меъёрҳои нургирии табобатгирандагон ва ғайра муҳокима карда мешаванд.
Илова бар ин, аз
ҷ
ониби мутахассисони соҳаи ренгенология ва радиатсияи То
ҷ
икистон дар мавз
ӯ
ъҳои «Санадҳои қонунгузории
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон дар соҳаи муҳофизати радиатсион
ӣ
» (М.Аҳмадов, О
ҷ
онсии муҳофизати ядро
ӣ
ва радиатсионии назди Академияи Улуми
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон), «Муҳофизати радиатсионии табобатгирандагон» (В.Шарипов, Ассотсиатсияи ташхисдиҳандагони нурии То
ҷ
икистон), «Вазъи муҳофизати радиатсион
ӣ
ҳангоми амалиётҳои интервентсион
ӣ
» (А.Баротов, Маркази
ҷ
умҳуриявии илмии
ҷ
арроҳии дилу раг ва қафаси сина) намоишҳо пешниҳод карда мешаванд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста