Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни баргузории ҷаласаи 34-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд дар шаҳри Ашқобод бо назардошти зарарурати сармоягузории таъҷилӣ ба зерсохтори иқтисоди бисёре аз кишварҳои минтақаи Осиё, Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд дар бораи таъсиси нахустин дар минтақаи Осиё Хазинаи исломии сармоягузорӣ ба зерсохтори иқтисод мувофиқа ҳосил карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки рушди Осиё иттилоъ доданд, ҳаҷми маблағи Хазина 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, он баҳри сармоягузорӣ ба саҳмияҳо дар 12 кишвари қарзгирандаи ҳарду бонк – Афғонистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Малдив, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон истифода бурда хоҳад шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, фаъолияти хазинаи мазкур бо назардошти мутобиқати он ба шариати ислмомӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. «Чунин тарзи кор сармоягузорӣ ба коғазҳои қимматнок ва фаъолияти ғайриқонуниро манъ месозад», - афзуданд дар бонк.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста