Душанбе. 18-уми июн ОИ «Азия-Плюс» -   17 июн, тахминан соти 20:00, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар к ӯ чаи Сино, хонаи рақами 8-и шаҳри Душанбе собиқ вазири корҳои дохилии кишвар Маҳмадназар Солеҳов, бо таппончаи тамғаи Макаров даст ба худкуши зад.

               Қобили зикр аст, ки таи чанд моҳи охир М. Солеҳов барои додани нишондод вобаста ба фаъолияти худ дар вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷ умҳурии То ҷ икистон оид ба парвандаи ҷ иноии куштори командири отряди таъиноти махсуси ВКД-и ҷ умҳур ӣ Олег Захарченко, с ӯ истифода аз мансаби хизмат ӣ , баромадан аз ҳадди ваколати хизмат ӣ , пинҳон намудани ҷ иноятҳое, ки аз ҷ ониби кормандони алоҳидаи милиса содир шудаанд, ба таври расм ӣ ба Прокуратураи генералии Ҷ умҳурии То ҷ икистон якчанд маротиба даъват карда шуда буд. Аммо М. Солеҳов ҳамаи ин даъватҳои тафтишотро рад намуда бе сабаб ҳозир нашуд.

               Бинобар ин Прокуратураи генералии Ҷ умҳурии То ҷ икистон қарор дар бораи ма ҷ буран ҳозир намудани Маҳмадназар Солеҳов қабул кард, вале ӯ боз ҳам ба ҳузури тафтишот наомад.

               17 июн нисбати Маҳмадназар Солеҳов, ки мансаби давлатии Ҷ умҳурии То ҷ икистонро ишғол карда, дар давраи фаъолияти кор ӣ ҷ инояти муқобили манфиатҳои хизмати давлатиро содир кард, бинобар мав ҷ удияти далелҳои коф ӣ , қарор дар бораи чораи пешгир ӣ намудан, дар шакли ҳабси пешак ӣ қабул карда шуд. Ҳангоми татбиқи ин қарор Маҳмадназар Солеҳов даст ба худкуш ӣ мезанад.

               Дар ин бора бо истинод ба маркази матбуоти ВКД-и ҷ умҳур ӣ АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.