Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 13 дарсад коҳиш ёфт.

            Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ, моҳҳои январ-майи соли 2009 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии каме бештар аз 2,06 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст. Дар ин давра аз 791 корхонаи саноатӣ 422-тоаш сатҳи истеҳсолотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуда, 153 корхона ё худ 19,3 дарсад аз миқдори умумӣ пурра фаъолият накардаанд.

            Дар моҳи май 282 корхона, аз ҷумла, ҶСП «ТоҷИрон», ҶДММ «Спиртзавод», ҶДММ «Тоҷиккабел», «Энергоремонт», КМ «Кабоол-Текстайлз» ва ғайра аз фаъолият бозмонда буданд.

            Ёдрас мекунем, ки оғози соли равон муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта ба андозаи 7-8 дарсад зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.