Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ТРАСЕКА оид ба рушди нақлиёти мултимодалӣ созишнома ба имзо расонид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби Тоҷикистон созишномаро муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров ба имзо расонид. Номбурда дар Иссиқкӯли Қирғизистон рӯзҳои 15-16-уми июни соли ҷорӣ дар кори ҷаласаи солонаи комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА ширкат варзид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар созишнома танзими муносибот миёни муассисаҳои нақлиётӣ, операторони нақлиётии мултимодалӣ, таъминкунандагон ва қабулкунандагони бору маҳсулот ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ки хизмтрасонии мултимодалиро анҷом дода, аз номи соҳиби бор амал мекунанд, дарҷ ёфтааст. «Дар санади мазкур ҳамчунин ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти ҳар як иштирокчии раванди ҳамлу нақли бор муайян карда шудааст», - афзуд манбаъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста