Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ба фаъолияти шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ду сол пур шуд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сарвари кулли шабака Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ки шабака бо тамоми таҷҳизоти муосири рақамӣ таъмин буда, имкон дорад тамоми корҳои марбут ба наворбардорӣ, монтаж ва таҳияи компютерии филму барномаҳоро дар сатҳи зарурӣ анҷом диҳад. «Мо аз он ифтихор дорем, ки кормандони шабака имкони дар муддати кӯтоҳтарин баргузории тадқиқотҳои журналистӣ ва таҳияи барномаҳои пурмӯҳтаворо доранд», - гуфт ӯ.

З.Исмоилов ҳамчунин гуфт, шабакаи телевизионии «СМТ» минбари ибрози андешаҳои мухталиф аст. Ба қавли ӯ, шабака бо 10 нафар корманд ба пахши барномаҳо шурӯъ карда, имрӯз шумори коргарони он ба 25 нафар расидааст. «Соли равон шабакаи телевизонии «СМТ» дар бахши «Журналистикаи муосир»-и озмун ба ҷоизаи ба номи Имоманазари Холназар сазовор дониста шуд», - афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» шурӯъ аз соли 2006 ба пахши барномаҳо шурӯъ карда, минтақаи пахши барномаҳои он шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро фаро мегирад. Мӯҳлати пахши барномаҳои шабака 8 соат (2 соат субҳ ва 6 соат шомгоҳон) буда, шумори тамошобинони он 1,5 млн. нафарро ташкил медиҳад.