Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Иттиҳоди Аврупо оид ба дар ояндаи наздик ба имзо расидани Меморандум дар бораи ҳамкории мутақобила, аз ҷумла, дар бахши иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин хусус зимни нишасти хабарии аз ҷониби хабаргузории РИА Новости ташкилгардида дабири кулли ЕврАзЭС Тоҳир Мансуров хабар додааст.
Тибқи иттилои хабаргузории Русия,Т.Мансуров изҳор доштааст, ки иттиҳод қотеъона баҳри ноил гаштан ба таъсиси намунаи сохтори Иттиҳоди Аврупо дар Шарқ наздик мегардад. «Таъсиси Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус
ва Қазоқистон, ки аз 1-уми январи соли 2010 ба фаъолият оғоз мекунад, иқдоми муассир дар ин самт аст», - гуфтааст ӯ.
Дабири кулли иттиҳод инчунин гуфтааст, кишварҳои узви иттиҳод – Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳу воситаҳои раҳоӣ аз бӯҳрони молиро бо кишварҳои нозири иттиҳод – Арманистон, Молдова ва Украина мувофиқа месозанд. «Омилҳои зикршуда ба ташакккули бозори умумии минбаъд миқёсан баробар бо бозори умумии Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамоянд», - баён доштааст ӯ.
Номбурда афзудааст, марҳилаҳои ҳамгиройии кишварҳои ЕврАзЭС таҷассумгари равандҳое мебошанд, ки дар давраҳои таъсиси Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта буданд, вале агар дар ИА ин раванд тӯли даҳсолаҳо ба вуқӯъ пайваста бошад, дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё он шурӯъ аз соли 2000 босуръат амалӣ мегардад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста