Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ, 20-уми июн дар Тоҷикистон рӯзи байнулмилалии гурезаҳо ҷашн гирифта мешавад. Он бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба вазъи гурезагон ва эҳтироми шуҷоату саҳми онҳо дар ҷомеа таҷлил мегардад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Идораи Комиссариати Олии СММ оид ба корҳои гурезагон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ба ифтихори ҷашни мазкур имрӯз бо иштироки роҳбари ин идора Иля Тодорович нишасти хабарӣ доир мегардад.

Тибқи маълумоти СММ, айни замон дар саросари ҷаҳон ҳудуди 20 млн. нафар гурезагон ва 25 мл. нафар шахсони дар дохил макони зист ивазнамуда ба қайд гирифта шудаанд, ки шумораи асосии онҳо дар минтақаи Африқо, минтақаи низои Афғонистон ва Балкан зиндагӣ мекунанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри фароҳам сохтани шароити муосии зист ба гурезагон тадбирҳо меандешад. Идораи Косиссариати СММ оид ба корҳои гурезагон оҷонсии марказии байнулмилалиест, ки баҳри ҳаллли мушкилоти гурезагон кӯшиш ба харҷ медиҳад.