Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Кишинёв ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ мекунад.

            Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили рушди равобити алоқаи нақлиётӣ, муайян сохтани тартиботи кишвари истеҳсолкунандаи молу маҳсулот дар чаҳорчӯбаи ИДМ, мушкилоти истифодаи шабакаҳои барқӣ ва роҳандозии ҳамкории низомҳои миллии энергетикии кишварҳо дар назар аст.

            Дар ҷаласаи Шӯро инчунин як қатор масоили фаъолияти ҷорӣ ва макону санаи баргузории ҷаласаи оянда низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштироки ҳайати кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина пешбинӣ мешавад. Ҷаласа таҳти раёсати муовини аввали нахуствазири Молдова, вазири иқтисод ва савдои ин кишвар Игор Додон баргузор хоҳад шуд.