Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Музокироти Тоҷикистону Бонки рушди Осиё (БРО) бобати тахсиси бурси иловагӣ ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-марзи Қирғизистон анҷом ёфт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БРО дар ҶТ иттилоъ доданд, роҳи мазкур яке аз қиматҳои хати нақлиётии III дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро бо ҳам мепайвандад. «Татбиқи лоиҳа ба коҳиши хароҷоти нақлиёт, рушди тиҷорати минтақавӣ ва беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона гардидааст», - гуфтанд дар намояндагии бонк.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин роҳ ҳаҷми ҳаракати нақлиёт ва боркашонӣ нисбат ба пешгӯиҳои қаблӣ бештар гашта, боиси пеш аз мӯҳлат фарсудашавии он гардидааст. «Аз ин рӯ, тахсиси бурси иловагӣ ба ҳалли мушкилоти фанниву молиявӣ, тамдиди мӯҳлати иқтисодии истифодаи роҳ ва таъсири лоиҳа ба рушди кишвар кӯмак мекунад», - гуфт манбаъ бо истинод ба суханони коршиноси таҳлили молиявии Департаменти БРО дар Осиёи Маказӣ ва Ғарбӣ Хи Юнг Хонг.

Зикр гардид, ки БРО мувофиқи бурси мазкур ба таври бебозгашт ҷудо кардани 20 млн. доллари ИМА-ро пешбинӣ мекунад. Масъалаи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ дар Шӯрои мудирони БРО мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Саҳми Тоҷикистон 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Лоиҳа дар муддати 30 моҳ то моҳи декабри соли 2011 амалӣ мегардад. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ба ҳайси агентии иҷрокунанда оид ба ин лоиҳа фаъолият хоҳад кард.