Душанбе. 20-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Хуҷанд аз давраи озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини ҶТ» натиҷагирӣ карданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар бахши «Маҳсулот ва ҳунари миллӣ» А.Ҳусейнов (тайёр кардани корд), М. Яҳёев (устои чӯб) аз Истаравшан, С.Деҳқонов (маҳсулот аз чӯб) аз ноҳияи Исафра, Ф.Назирова (зардӯзӣ) аз ноҳияи Панҷакент ва А.Болтуев (маҳсулоти кулолӣ) аз шаҳри Хуҷанд ғолиби озмун дониста шуданд.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар бахши «Маҳсулоти ғизоӣ» корхонаи истеҳсоли шири «Молодая радост»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи истеҳсоли ҳасиби «Ҳасиби Темруиён» (Хуҷанд), ҶСК «Евроазия» оид ба истеҳсоли машрубот ва нӯшокиҳои ташнашикан (Чкаловск), корхонаи коркарди меваи хушки «Тоҷикфрукт» (Исфара), корхонаи истеҳсоли винои «Парандис» (Панҷакент), корхонаи истеҳсоли оби минералии «Зарбед» (Конибодом) мақоми аввалро ишғол намуданд. «Дар бахши «маҳсулоти саноатӣ» КМ «Ҷавонӣ (Хуҷанд), ҶСП «Сатн» (Хуҷанд), ҶДММ «Алфапет» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва ҶДММ «Қолинҳои Суғд» (Қайроққум) пирӯзӣ ба даст оварданд», - гуфт манбаъ.

            Корхонаҳои зикргардида рӯзҳои наздик вилояти Суғдро дар давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарин» дар шаҳри Душанбе намояндагӣ хоҳанд кард.