Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз 22-юми июни соли ҷорӣ гурӯҳҳои кории Вазорати маорифи ҶТ ҷиҳати интихоби номзадҳо барои таҳсили ройгон дар макотиби олӣ ба манотиқи кишвар сафарбар мешаванд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов иттилоъ дод, соли равон барои таҳсили ройгони донишҷӯён дар макотиби олии ҷумҳурӣ 1200 ҷой ҷудо карда шудааст.

Ба гуфтаи Ф.Раҳимов, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашту ВМКБ гурӯҳҳои кории вазорат бо хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ сӯҳбатҳо доир намуда, аз рӯи натиҷаҳои он толибилмони болаёқатро баҳри таҳсил дар яке аз макотиби олии кишвар интихоб мекунанд.