Хоруғ. 20-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи барномаи идрорпулӣ хатмкардагони лаёқатманди макотиби олии минтақаи Осиёи Марказӣ имкони таҳсил дар Донишгоҳи Кембриҷро пайдо карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ иттилоъ доданд, барномаи идрорпулӣ аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамдастӣ бо Хазинаи рушди байнулмилалии Донишгоҳи Кембриҷ маблағгузорӣ карда мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, муофиқи барнома, ҳар сол ду нафар донишҷӯ интихоб гардида, онҳо таҳсили худро дар Донишгоҳи Кембриҷ идома медиҳанд.Х атмкардагон аз рӯи ин барнома асоси ҳайати омӯзгориву профессории Донишгоҳи Осиёи Марказиро ташкил хоҳанд дод, зеро барномаи Кмбриҷ қисми барномаи доктории ДОМ оид ба омодасозии ҳайати омӯзгориву профессории оянда аз ҳисоби шаҳрвандони минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Мӯҳлати таҳсил тибқи барнома чаҳор солро дар бар мегирад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста