Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи гузашта бинои саввуми хона-интернат барои кӯдакони ноқисулақл ва маъюби деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари хона-интернати мазкур Мавлуда Саидаҳмадова иттилоъ дод, баҳри сохтмони бинои саввуми хона-интернати «Чорбоғ» 3,5 млн. сомонӣ маблағи буҷа масраф гардида, он барои тарбияи 20 кӯдаки маъюб ва 20 нафар волидайни онҳо ҷиҳати омӯзиш пешбинӣ шудааст. «Ҳамчунин низоми гармидиҳии хона-интернат низ мавриди истифода қарор гирифта, он қодир аст, се бинои интернатро бо гармӣ таъмин созад», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи сарвари интернат, қабули кӯдакони маъюб баҳри тарбия дар бинои саввум аз 1-уми июл оғоз мегардад ва аллакай рӯйхтаи онҳо таҳия шудааст. «Ҳайати шахсии кормандони инернат дар маҷмӯъ 165 нафарро ташкил дода, ҳар моҳ ҳукумати ҷумҳурӣ барои тарбияи 1 кӯдак дар интернат 820 сомонӣ маблағ ҷудо мекунад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки соли равон барои интернат аз буҷа 1 млн. 967 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос дода мешавад.  

Номбурда афзуд, феълан дар хона-интернат 185 нафар кӯдакони ноқисулақл ва маъюб бо тарбия фаро гирифта шудаанд. «Корҳои сохтмонии бинои чаҳоруми интернат соли 2010 шурӯъ мешаванд», - афзуд сарвари хона-интернат.