Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи гузашта бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ дар бинои асосии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз як синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо техникаи зарурӣ кушода шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз ифтитоҳи синфхона вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо хатмкунандагон ва собиқадорони соҳа мулоқот орост. Дар маърӯзаи худ вазири кишоварзӣ изҳор дошт, ки рушди бахши кишоварзӣ аслан ба кадрҳои соҳибтахассус вобаста аст. Ӯ зарурати робитаи зичи кадрҳои илмии донишгоҳ бо соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро таъкид сохт.
Ба гуфтаи ӯ, табодули таҷрибаи муосир ва шаклҳои замонавии тарбияи кадрҳо омили пешравии соҳа мебошанд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки то имрӯз донигоҳи кишоварзиро 35 ҳазор нафар мутахассисон хатм карда, айни замон дар самтҳои гуногуни бахши кишоварзии кишвар фаъолият доранд. Соли равон донишгоҳи мазкурро боз 718 нафар мутахасисон хатм мекунанд, ки 41 нафари онҳо соҳиби дипломи сурх хоҳанд гардид.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста