Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар озмуни байнулмилалии қироати Қурон, ки чанде пештар дар шаҳри Маскав доир гардид, намояндаи Тоҷикистон ғолиби озмун дониста шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои муфтиёти ҶТ иттилоъ доданд, намояндаи Тоҷикистон – Сиратулло Рауфов дар бахши «Қироати азёди Қуръон» сазовори мақоми аввал шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, мақоми дуввумро намояндаи Марокаш ва саввумро намояндаи Мавритания соҳиб гаштаанд. «Дар озмун намояндагони беш аз 30 кишвар ширкат варзиданд», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки роҳбари Шӯрои муфтиёти Русия Равил Гайнуддин ғолибонро табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун миннатдорӣ баён кардааст.