Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 20-уми июн дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт-Петербург маросими муаррифии Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон доир гардид.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муҳаррири рӯзномаи «Хуросон» дар ин шаҳр Зайнуддин Орифӣ иттилоъ дод, маросими муаррифӣ дар чаҳорчӯбаи таҷлили ҷашни хатмкунандагони сессияҳои академӣ таҳти унвони «Алие паруса» баргузор шуд. «Дар ин маросим раиси Шӯрои ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петрбург Фаррух Сатторов изҳор дошт, ки сол то сол шумори донишҷӯён ва аспирантҳо дар макотиби олии ин шаҳр зиёд шуда, айни замон он 400 нафарро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.

            Ба қавли З.Орифӣ, ноиби президенти Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия «Сомониён» дар шаҳри Санкт-Петрбург Аҳтам Маҳмадов дар маросими муаррифии ҷамъият гуфтааст, шумори муҳоҷирони меҳнатӣ низ сол то сол афзуда, вале онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ камтар ширкат меварзанд, зеро чунин имконият надоранд. «Аз ин рӯ, ҷамъияти нав ба донишҷӯён ва зиёни тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петрбург баҳри иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ мусоидат хоҳад кард», - гуфтааст А.Маҳмадов.