Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Душанбе маросими расмии ба марзбонони тоҷик супурдани таҷҳизоти тафтиши шиносномаҳои хориҷӣ доир мегардад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Барномаи рушдии СММ иттилоъ доданд, дар вазъи тантанавӣ ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ 16 таҷҳизоти тафтиши шиносномаҳои хориҷӣ, 12 таҷҳизоти тафтиши ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин ду таҷҳизоти назорати видеоӣ тақдим карда мешаванд. «Маблағи умумии кӯмаки техникӣ ҳудуди 69 ҳазор Евроро ташкил медиҳад», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, кӯмак дар чаҳорчӯбаи Барномаи мусоидат ба идоракунии марзҳо ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ шудаву онро Барномаи рушди СММ татбиқ месозад, ҷудо мегардад.