Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 25-уми июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ислом ва демократия» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсӣ, Фонди Роза Люксембург ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон созмон дода мешавад.

            Дар конфронс аз ҷониби мусулмонони шаҳри Нижний Новгороди Русия раиси Шӯрои уламои ин минтақа Дамир-ҳазрат Муҳиддинов ва ҳамчунин фарҳангшинос Ҷаннат Сергей Маркус маърӯза хоҳанд кард.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа холдинги тоҷикии « Tajinfo » дар Русия Муҳаммади Эгамзод иттилоъ дод, ин конфронс вохӯрии навбатии коршиносон мебошад, ки аз ҷониби собиқ сафири Олмон дар кишварҳои Шарқ доктор Арне Зайферт ташкил мегардад. Қаблан чунин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Алмаато ва Бишкек баргузор шуданд. «Рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Мусулмонони ИДМ ҷонибдори созиш миёни конфессияҳо ва миллатҳо» конфронси илмиву амалӣ доир гардида, бо шумули роҳбарони идораҳои динии кишварҳо мақомоти нав - Шӯрои машваратии мусулмонони ИДМ бо гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода шуд», - гуфт ӯ.

            Дамир Муҳиддинов изҳор доштааст, ки чанд сол пеш онҳо ба ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ барои мусулмонони кишварҳои узви ИДМ дар шакли медиа-холдинги «Медина» бо забонҳои русиву тоторӣ шурӯъ кардаанд.

            Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли ҷорӣ Дамир Муҳиддинов аз мақомоти раҳбарӣ ва мардуми кишварҳои узви ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварда буд, ки ба монанди Тоҷикистон мазҳаби ҳанафиро чун таълимоти динии расмӣ қабул намоянд.