Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Тайи ду соли ахир афзоиши шумори гурезагон дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ роҳбари Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳо бо гурезагон дар Тоҷикистон Иля Тодорович хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, шумори гурезагон дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2007 ба миқдори 80 дарсад афзудааст. «Соли гузашта 1 ҳазору 361 нафар ҷиҳати паноҳгоҳ гирифтан ба ҳукумати ҶТ муроҷиат кардаанд ва тибқи маълумоти Вазорати меҳнати ҶТ, дар семоҳаи аввали соли равон ин рақам 377 нафарро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.

И.Тодорович гуфт, агар қаблан танҳо сокинони минтақаҳои шимоли Афғонистон баҳри соҳиб шудан ба мақоми гуреза ба Тоҷикистон меомаданд, феълан воридшавии онҳо аз тамоми қаламрави Афғонистон ба мушоҳида мерасад. «Соли гузашта 40 дарсади дархости муроҷиаткунандагон ҷиҳати соҳиб шудан ба мақоми гуреза дар Тоҷикистон қонеъ карда шуд», - гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, шурӯъ аз соли 2002 беш аз 10 ҳазор нафар гурезагони афғон ба ватан баргашта, аз соли 2001 то семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1 ҳазору 788 нафар гурезгон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла, 1 ҳазору 456 нафар ба Канада, 3 нафар ба Финландия, 8 нафар ба Нидерланд, 124 нафар ба Норвегия, 27 нафар ба Шветсия ва 170 нафар ба ИМА фиристода шуданд. Дар мавриди бозгашти гурезагони тоҷик ба ватан мавсуф изҳор дошт, ки шурӯъ аз соли 1993 53 ҳазор нафар гурезагони тоҷик ба ватан баргаштаанд.

Дар фарҷом И.Тодорович зикр кард, ки аз соли 1993 то имрӯз Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳо бо гурезагон барои кӯмак ба гурезгон, аз ҷумла, гурезагони тоҷик низ 33 млн. $ маблағ масраф кардааст.