Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар партави афзоиши давомноки мизони бекорӣ, муфлисшавии корхонаву ташкилотҳо Созмони байнулмилалии меҳнат рӯзи 19-уми июн Қарордоди глобалӣ дар бораи ташкили ҷойҳои кориро қабул кард.
Дар иттилоияи созмон гуфта мешавад, Қарордод роҳу воситаҳои сиёсати миллӣ ва байнулмилалиро дар самти солимгардонии иқтисод, фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ва таъмини ҳифзи меҳнаткашон ва оилаҳои онҳо муайян месозад. «Қарордоди мазкур воситаҳо ва чораҳои сиёсиеро, ки дар таҷриба санҷида шуда, аз ҷониби ҳамаи аъзои СБМ маъқул шуморида шудаанд, нишон медиҳад», - омадааст дар иттилоияи созмон.
Тибқи маълумоти СБМ, агар солимгардии иқтисод соли равон ё оянда шурӯъ гардад ҳам, бӯҳрони глобалии таъмини шуғли аҳолӣ боз тайи 6-8 соли минбаъда низ идома хоҳад ёфт. «Ҳамасола ба бозори ҷаҳонии меҳнат 45 млн. нафар коргарони нав мебароянд, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва барои расидан ба сатҳи пеш аз бӯҳронии мизони бекорӣ зарур аст, дар панҷ соли минбаъда 300 млн. ҷойи нави корӣ ташкил гардад», - гуфта мешавад дар иттилоия.
Дар Қарордоди глобалӣ як қатор чораҳои раҳоӣ аз бӯхрон пешниҳод мегардад, ки ҳар як кишвар метавонад онро ба талабот ва махсусиятҳои мавҷуда мутобиқ гардонад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста